БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсаду мароми мо вусъати корҳои маърифатию тарбиявӣ

БАЛҶУВОН. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи  суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ва семинар-машаварати кишоварзони вилояти Хатлон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сангак Сафаров” бо иштироки и.в раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзоев Исуф  мулоқот доир гардид.

Нахуст, Мирзоев Исуф  иштирокдоронро бо моҳияти  дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар мулоқот бо фаъолони кишвар ва семинар- машаварати кишоварзони вилоятро  фаҳмонида,  дар идомаи суҳбат самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Мавсуф зимни суханронӣ  афзуд, ки  мақсади баргузории мулоқот  дар  тарғибу ташвиқи сиёсати дурандешонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои созандаи ҳизб  дар  маҳал баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз мебошад.

Аз ин рӯ, ҳар як узви ҳизбро месазад,  ҷавобан  ба хизматҳои беназири Пешвои миллат содиқона  кору фаъолият намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg