ВОКУНИШ. Иззат Амон таълимгирифтаи Машҳади Эрон. Иззат Амон ончунон дар оғӯши саркардагони ҳизби террористӣ тарбия ёфтааст, ки дар хориҷи кишвар раиси бахши ҷавонони ҲНИ интихобаш кардаанд. Аъзову пайравони ТЭТ ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати бо ном исломӣ, ки имрӯзҳо чеҳраи аслиашон миёни мардум намоён гардидааст, ҳамагуна масълаҳои марбут ба давлату Ҳукумати Тоҷикистонро пайгирӣ намуда, ба таври хеш обу ранг дода, ба монанди фитна ва иғво ба саҳми мардум пешниҳод месозанд.
Шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯзҳо аз овозаҳои боздошти Иззат Амон лабрез шудааст. Ин рӯбоҳи маккор дар ҷойе, ки дар симои олим, ҷойе чун адвокат, гаҳе сиёсатмадор, гаҳе ҳомии ҳифзи ҳуқуқ, муддате рӯҳонии ҷаррор, моҳе наҳзатии террор ва соле дунявии шаробхор худро миёни мардум ҷилвагар намудааст. Қайд кардан лозим аст, ки Иззат Амон дар Федератсияи Россия бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулиро ба даст оварда ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст. Ин рӯбоҳи маккор қаблан низ барои содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта буд.
Масъалаи боздошти ин қаллобро гурӯҳҳои ифротгаро сӯистифода намуда, ба ин васила мехоҳанд, ки аз ин қазия равияҳои сиёсӣ табдил диҳанду миёни мардум ҳар гуна ҳангомаҳоро ба вуқӯъ оранд ва худро дар байни омма ғамхору дилсӯзи халқ нишон диҳанд.
Мо ҷавонони замони соҳибистиқлоли кишвар бояд фаромӯш насозем, ки дар замони муосир иттилоот ба яке аз аслиҳаҳои пуриқтидори таъсиррасон ба мағзи инсон табдил гаштааст ва аз ин хоинону бадхоҳони миллат, ҳамчун фишангҳои ҳадафнок ба сиёсат истифода мебаранд. Моро зарур аст, ки ба ҷавонони дохили кишвар ва берун аз он фаҳмонем, ки силоҳи аслии суботу оромӣ аслиҳа нест, балки идеалогияи баланди халқ мебошад.
Ба маълумоти бародарону хоҳарон, муҳоҷирон меҳнатӣ ва ҳама он нафароне, ки пуштибонӣ аз Иззат Амон карда истодаанд мерасонем, ки қонун ба ҳама баробар аст, ҳар кас ки гуноҳ дорад дар назди қонун бояд ҷавоб гӯяд. Пас аз барқарор шудани адолат, ба ҳамаи мову Шумо хуб маълум мешавад, ки Иззат Амон то кадом андоза гунаҳгор аст ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инро исбот хоҳад кард.
Салимова Сабоҳат, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш