БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ИДОМА ДОРАД

ВАХШ.  Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 6 вохӯрии номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Вахш-32” Абдусаломзода Мунаввар бо аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш доир гардид.

Дар рафти вохӯриҳо шахси боэътимоди нозмад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон муаррифнома ва фишурдаи Барномаи пешазинтихоботии номзадро ба дарки  иштирокдорон расонид.

Сипас, Абдусаломзода Мунаввар, бо интихобкунандагон суҳбати самимӣ доир намуда, вобаста ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии худ, аз ҷумла оид ба самаранок истифода кардани заминҳои корами обӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаро гирифтани ҷавондухтарон ба мактаб ва касбомӯзӣ дар деҳот, инчунин дастгирӣ намудани ҳадафи чоруми Ҳукумати ҷумҳурӣ саноатикунонии мамлакат иброзӣ андеша кард. Инчунин, дар навбати худ интихобкунандагон суолу дарзостҳои хешро ба номзади худ пешниҳод карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg