А.ҶОМӢ. Дар доираи сафари кории Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо барандагони стипендияи ноҳиявии ҲХДТ,ки 15 нафарро ташкил мекунанд, суҳбату мулоқоти самимӣ анҷом дод. Зимни суҳбат Миралиён Қиёмиддин аз суханрониҳои Раиси муаззами ҲХДТ иқтибосҳо оварда, афзуд, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷавононро нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ мешуморад ва ба онҳо такя мекунад».
Сипас, дар вазхияти тантанавӣ ба онҳо стипендияи моҳонаашонро дастрас намуда, онҳоро барои боз ҳам баланд бардоштани савияи дониш,малакаву маҳорати суханварӣ барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ҳидоят кард.
Дар охир бо барандагони стипендияи ноҳиявии ҲХДТ акси хотиравӣ гирифта шуд.