ҶАЙҲУН. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар якҷоягӣ бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, чорабинӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дар байни хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Қумсангир баргузор намуданд.
Дар раванди баргузории чорабиниҳои хонагаштак масъулин вобаста ба доираи истифодаи мақсадноку самараноки заминҳои наздиҳавлигию президентӣ ва деҳқонию фермерӣ суханронӣ карда, ба онҳо ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои саҳроӣ маслиҳатҳои муфидро пешниҳод намуданд.