ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сурхоб”-и деҳоти Ғалаба бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор хониши сиёсӣ ва Аксияи тарғиботӣ - амалӣ таҳти унвони “Якҷоя месозем!” баргузор гардид.
Сокинони деҳа баҳри истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сарҷаъмона ба ҳашар баромада, корҳои назаррасеро, нарм намудани замин ва бехи дарахтон, тоза кардани гулҳои ороишӣ аз алафҳои бегонаро ба анҷом расониданд.