
А.ҶОМӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо қишрҳои гуногун, алалхусус ҷавонони маҳаллаи Ҷомии ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомии ноҳия вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо ҷалби вакилони маҳаллии ҷамоативу ноҳиявӣ баргузор гардид, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 250 нафар намояндаҳои қишрҳои гуногуни маҳалла, махсусан ҷавонон иштироки фаъолона доштанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов ҷиҳати фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суханронӣ карда, зикр намуд, ки дар Паём масъалаҳои афзалиятноки ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон ва сиёсати хориҷии он, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ таҳлилу баррасӣ гардид.
Дар анҷоми чорабинӣ чор нафар маъюбони маҳалла бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.