БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ба наҳзатиҳои лаънатӣ нафрат доранд

КӮЛОБ. Дар марҳилаи кунунии рушди Тоҷикистон масъалаи таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ аз масъалаҳои усулии давлатдорӣ ба шумор меравад. Зеро терроризму экстремизм дар замони ҳозира доман паҳн карда, яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба амнияту суботи ҳар як давлат, аз ҷумла истиқлолияти давлатии мо низ мебошад.

Барои огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои терроризму экстремизм бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар маҳаллаи Оиша Сарварова бо аҳолии ин маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Валиева Саъбагул иштирок намуда, қайд кард, ки ба дарки ҷомеа расонидани мақсадҳои ғаразноки террористону гурӯҳҳои тундгаро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад.

Мавсуф инчунин, гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ,  Пешвом миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста диққати аҳли кишвар ва ҷаҳониёнро ба масъалаҳои афзоиш ёфтани исломситезӣ, таҳдидҳои гурӯҳҳои ифротӣ ба амнияту суботи кишвар ва андешидани чораҳои муқовимат бар зидди терроризм, экстремизм ҷалбу ҳушдор месозад. Яъне ин таъкидҳои Сарвари давлат ва вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор кард, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва осоиштагии мардуми кишвари худро аз чунин пайомадҳои манфӣ, ва аз таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Сокинон низ дар навбати худ баромад намуда, гуфтанд, ки ҷанбаи ин масъаларо пурра дарк карда, бо нафрати зиёд терроризму экстремизм ва гурӯҳҳои ифротӣ ба монанди наҳзатиҳои лаънатиро ҷиддан маҳкум менамоянд ва дар ҳамбастагӣ бар зидди ин падидаи номатлуб мубориза хоҳанд бурд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg