ДАНҒАРА. Дар идомаи сафари корӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода дар якҷоягӣ бо муовини раиси ноҳияи Данғара Файзиддинзода Бунафша ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад аз самаранок истифодабарии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар ҷамоати деҳоти Оқсу дар деҳаи Баҳор ташриф оварда, аз замини наздиҳавлигии Назаров Уроқ дидан карданд. Зимни шиносоӣ аз ҳолати парваришу нигоҳубини маҳсулоти кишоварзӣ Миралиён Қиёмиддин ба ин марди деҳқон барои истифодаи оқилонаи замин ва ба даст овардани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ маслиҳатҳои судманд дод.
Назаров Уроқ ҳангоми суҳбат иброз дошт, ки таҳти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, ният дорад барои дар амал татбиқ кардани яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар-таъминияти озуқаворӣ бо ба даст овардани сабзавоти тару тоза саҳми худро гузорад.