БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ТАҲКИМБАХШАНДАИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  бо хонандагону омӯзгорони ҷавони муассисаи таълимии №7 вохӯрӣ анҷом доданд.

Масъулини ҳизбӣ дар бо иштирокчиён доир ба хатару таҳдидҳои падидаҳои номатлуби терроризм, экстремизм, афзоишёбии содири ҷинояту ҷинояткорӣ  миёни ҷавонону наврасон, пайравӣ ва тақлид ба тарзи либоспӯшии бегонагон, худкушӣ, худсӯзӣ суханронӣ намуда, ҷавонону наврасонро ба таҳаммулпазирӣ ва хониши хубу аъло даъват сохтанд.

Инчунин, дар рафти суханронӣ ҷавонону наврасонро ба одоби неку рафтори ҳамидаи инсонӣ доштану меҳру муҳаббат бастан ба якдигару дӯст доштани Ватан -Модар талқин сохтанд. 

Дар исмати фарҷом бо хондани шеъру таронаҳо дар васфи Тоҷикистон, Модар- Ватан  аз тарафи хонандагон иҷро гардида, ба  вохӯри ҳусни анҷом бахшид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg