БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ МУАЙЯНКУНАНДАИ РУШДИ ҶОМЕА

Н. ХУСРАВ.   Масъулини Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  сокинони  деҳаи Олтинсойи  Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол   суҳбату  вохӯриҳо баргузор  намуда,  ба онҳо нуктаҳои  асосии  Паёми  имсолаи   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро фаҳмонида  доданд. 

Масъулин дар суҳбат қайд  намуданд, ки  дар  Паёми  имсолаи  худ  Президенти  мамлакат  қайд  намукарданд, ки  имрӯз дар  дунё ва  соҳае  нест, ки аз  таъсири  буҳрон  эмин  монда  бошад, вазъи  мураккаби  сиёсиву  иқтисодӣ ва иҷтимоии  давлатҳои  пешрафта аз  таъсири  бемории  сироятии  коронавирус  дар  рушди иқтисоди  давлатҳои сайёра таъсири манфӣ расонидааст.  Инчунин,  қайд  гардид, ки  ҳадафи  Роҳбари  давлат афзоиш додани  истеҳсоли  маҳсулоти  кишоварзӣ, истифодаи  самараноки обу  замини  корам,  технологияҳои  инновтсионӣ ва  агротехникии  пешрафта,  аз  ҷумла  бунёди  боғҳои  интенсивӣ мебошад.      Аз  ин  лиҳоз  истифодаи  самараноки  замин  пеш аз  ҳама  заминҳои  наздиҳавлигӣ, президентӣ  захира  кардану  гирифтани  то  се  ҳосил махсусан дар  соли  2021 барои  ҳар  оила  зарур  ва  ҳатмӣ  мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg