БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Суханони Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон такони ҷиддие дар рушди соҳа

ШАҲРИТУЗ. Дар деҳаи Гагарини ҷамоати деҳоти Пахтаобод бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Боронов Мамадзариф бо сокинони деҳаи мулоқот баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ суханрониҳои Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқорт бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ва суханронии Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон шарҳу тавзеҳ дода шуда, инчунин, оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тақвияти низоми ягонаи омӯзиши касбии шаҳрвандони бекор бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ, калонсолон, инчунин ташкили корҳои хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар навъҳои бофандагиву дӯзандагӣ ва рушди дигар намудҳои косибӣ барои занону духтарони хонашин ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати бекорӣ тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро баррасӣ карда шуданд. Санаи 13-уми марти соли 2018, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳоли ва бахши хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Шаҳритуз, бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира, бо кормандони масъули ташкилоти мазкур бо иштироки 6-нафар баргузор гашт. Дар вохури шарҳи тавзеҳу Паёми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.12.2017,  масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молияви ва тақсимоти истифодаи мақсадноки онҳо, тақвият бахшидани корхо дар самти таҳияву татбиқи буҷет дар асоси барномаҳои тарҳез шуда ва амали намудани чорабииҳо вобаста ба танзими тақситмкунандагони асосии маблағҳои буҷети назорати истифодаи шаффофи молияи давлати ва татбиқи барномаҳои соҳави таъмин намудан. Инчунин таргиби фарҳанги милли ва пешгири аз майли бегонапарасти миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологи бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои тундгаро,  суханрони карданд

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg