ФАРХОР. Оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва корҳои фаҳмонидадиҳӣ ҷиҳати истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва мақсаднок истифодабарии неруи барқ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуда, сокинонро барои муҳофизат аз ин бемории сироятӣ суҳбат намуданд. Дар ин росто ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим намуданд.
Ҳамзамон, бо аҳолӣ оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои ба истилоҳ «Президентӣ» ва заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сарфакорона истифодабарии қувваи барқ баъзе маслиҳатҳои муфид доданд.