ВОКУНИШ. Оре, душман дар ягон давру замон ба муроди хеш нарасидааст ва нахоҳад расид. Аз куҳану меҳан душманӣ буд, Тоҷикистон низ аз истисно дур нест. Хоинони Ватан, намехоҳанд, ки мардуми тоҷик дар оромиву осудагӣ зиндагӣ кунанд. Аз дур тири маломат андохта, ҷавонони камтаҷрибаи тоҷикро, ки барои дарёфти ризқу рӯзии худ дар давлатҳои бегона ба муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, мағзшӯи карда, бо ҳиллаву найранг душмани давлату Ватани худ мегардонанд.
Мусаллам аст, ки халқи тоҷик саргузашти талху ширинро аз сар гузаронида, бо хислатҳои накӯ, тамаддунофарию илму дониши ҳазорсолаҳо дар арсаи ҷаҳон мавқею манзалати хешро по бар ҷо нигоҳ медорад. Дар ҳар давру замон душманони дохилию хориҷии миллати мо аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин халқи куҳанбунёдро бадном созанд. Ба бахти миллати мо Тоҷикистон баъди ҳазор сол давлат соҳибихтиёр гардид ва бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ягонаю дунявиро интихоб кард ва бо сарвари хирадпешаю ҷонфидояш ба дастовардҳои бузурги илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Баҳри расидан ба сулҳу суботи сиёсӣ, якдилию якпорчагӣ, Сарвари давлат чӣ қадар ҷонбозиҳо карданд. Аз гуноҳи хиёнаткорон гузаштанд ва ҳатто солҳои 90-ум 30% ҳайати ҳукумат аз ҳисоби намояндаҳои мухолифин таъин карда шуд. Ба ҳамаи ин аҳду паймон таҳаммулпазирии ҳукумату давлат нигоҳ накарда, роҳбарони ҲНИ ба намакдон туф карданд. То ҳол аз нақшаву ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз кишварҳои дуру наздик ба сари давлату миллат санги маломат мезананд. Имрӯз мардуми хирадсолори тоҷик дӯсту душманро ба хубӣ шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ ба дассисаи бадандешон фирифта нахоҳад шуд. Хоинони Ватанро хоки Ватан кӯр хоҳад кард.
Рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишварамон, омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи интихобкардаи худ устуворона қадам гузошта, ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ расидааст ва дар ин роҳ ба душманону хоинони миллат ҷой нест.
Ҳасанова Нигора, муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ