БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҳизби ояндасоз ва таъминкунандаи рӯзгори осоиштаи мардум

А.ҶОМӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар маҳаллаи Чапаеви ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯриву мулоқотҳои навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, вакилони маҳаллӣ, бо иштироки васеъи сокинони маҳалла баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов бо сокинони маҳалла изҳор дошт, ки пеш аз ҳама мақсади ташрифи гурӯҳи кории ҳизбӣ дидорбинӣ буда, дар баробари ин дастуру супоришҳое, ки аз суханрониҳои Пешвои миллат бо фаъолони кишвар бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон расонидану дар якҷоягӣ аз паи татбиқи он шудан мебошад.

Ҳамчунон мавсуф ибрози ақида намуда зикр кард, ки дар воқеъ, дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷомеа ва дар алоҳидагӣ, барои ҳар яки мо роҳнамоест дар самти созандагиву бунёдкории Ватан.

Дар охир иштирокдорон дар навбати худ итминон доданд, ки таҳти сарварии Пешвои миллат ва он нуктаҳое, ки дар суханрониҳо зикр гардид, барои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳами арзанда мегузоранд.

Бояд қайд кард, ки бо ин мақсад тибқи ҷадвали тасдиқгардида, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ҳамарӯза бо сокинони маҳаллаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия вохӯриою мулоқотҳои судмандро баргузор менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg