ҚУБОДИЁН. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ноҳияи Қубодиён, бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Бобоева Гулнора, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҷабзода Қурбонгул ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Шарифзода Маҳмадаюб бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳияи Қубодиён вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Бобоева Гулнора, Раҷабзода Қурбонгул ва Шарифзода Маҳмадаюб баромад намуда, ҳадафу маром ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, муаррифнома ва доир ба Барномаи пешазинтихоботии номзадро ба самъи иштирокдорон расониданд.