БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ АЪЗОИ СИТОДИ ПЕШАЗИНТИХОБОТӢ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

ДӮСТӢ. Аъзои Ситод ва гурӯҳи тарғиботчиёни номзад аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Балхӣ-30”, Одиназода Ҳуснигул бо интихобкунандагони деҳаи Лоҳутии ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл доир карда шуд.

Сараввал раиси Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз ба сухан баромада, ҳадафу маром, Барномаҳои ҲХДТ ва моҳияти баргузории интихоботи миёнадавриро ба иштирокдорон фаҳмонид.

Сипас, аз ҷониби узви Ситоди пешазинтихоботии номзад С. Зоиров муаррифнома ва самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба интихобкунандагон шинос карда шуда, қайд гардид, ки Барномаи пешазинтихоботии номзад дар ҳамкорӣ бо фаъолон ва собиқадорони ҲХДТ таҳия гардида, барои пешрафт ва зиндагии шоистаи шаҳрвандон равона карда шудааст. Самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад ин баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, ҷалби занон ба касбомӯзӣ, дастгирии табақаи ниёзманд, рушди соҳаи кишоварзӣ ва мусоидат кардан дар сохтмони синфхонаҳои иловагию бунгоҳҳои тиббӣ мебошад. Инчунин,  Ҳамзамон  дар бораи ҷалби чавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз падарону модарон  хоҳиш карда шуд, ки меҳру муҳаббати садоқат ба  Ватан доштанро  ба фарзандон омӯзонанд ва ба хизмати ҳарбӣ баҳри муҳофизати Ватан- Модар  равона созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg