БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

ДӮСТӢ. Суҳбату вохӯриҳои Одиназода Ҳуснигул номзади ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҷалолиддини Балхӣ-30”, бо интихобкунандагони деҳаи Л.Шералии Ҷамоати деҳоти Нури Вахш доир карда шуд.

Дар мулоқоти мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии КИМ ҲХДТ Бобоева Гулнора иштирок намуда, оид ба баргузор кардани интихоботи миёнадаврӣ, ҳадафу Барномаҳои ҲХДТ ва ба номзадии вакилӣ пешбарӣ кардани раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Одиназода Ҳуснигул баромад карданд. Инчунин, дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҷабзода Қурбонгул, раиси ҷамоати деҳоти Нури Вахш А. Турдиев ва аъзои ситоди пешазинтихоботии номзад иштирок доштанд. Сипас, аз ҷониби узви ситоди пешазинтихоботӣ муаррифнома ва Барномаи пешазинтихоботии Одиназода Ҳуснигул ба ҳозирин шинос карда шуда, Одиназода Ҳуснигул дар баромади худ вобаста ба самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии худ дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд бардоштани сатҳу сифати  таълиму тарбия, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занони хонашин, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва пешрафти соҳаҳои маорифу тандурустӣ талош менамоем, то дар ин самтҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg