БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБКУНАНДАГОН БО БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД ШИНОС ГАРДИДАНД

ДӮСТӢ.  Дар деҳаи Ҷангалпарвари Ҷамоати деҳоти Нури Вахш, бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Бобоева Гулнора, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҷабзода Қурбонгул ва номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи “Ҷалолиддини Балхӣ-30” Одиназода Ҳуснигул бо интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти Нури Вахш доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Бобоева Гулнора, Раҷабзода Қурбонгул баромад карда, ҳадафу маром, самтҳои афзалиятноки Барномаҳои ҲХДТ ва моҳияти баргузории интихоботи миёнадавриро ба иштирокдорон фаҳмониданд. Сипас, аз ҷониби узви Ситоди пешазинтихоботӣ, муаррифинома ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба ҳозирин шинос карда шуд. Одиназода Ҳуснигул дар назди интихобкунандагон суханронӣ намуда, фишурдаи Барномаи пешазинтихоботиашро аз он ҷумла оид ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани занони хонашин ва мусоидат кардан дар сохтмони синфхонаҳои иловагӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ ба дарки ҳозирин расонид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg