ДАНҒАРА. Дар идомаи сафари кориашон намояндагони Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Аҳмадзода Оятулло ва Холиқзода Гулҷаҳон Содиқ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара аз ҳолати кории ташкилоти ибтидоии “Нури Истиқлол” – и Донишгоҳи давлатии Данғара дидан намуданд.
Масъулин зимни вохӯриашон иброз намуданд, ки ҲХДТ ҳизби созанда ва бунёдкор буда, зери шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” хизмат менамояд.
Дар охир аз дастовардҳои донишҷӯён дидан намуда, барои боз ҳам сайқал додани ихтироотву навовариҳо ба онҳо тавсияҳои судманд доданд.