ДАНҒАРА. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Аҳмадзода Оятулло раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан”, Холиқзода Гулҷаҳон Содиқ мудири бахш оид ба корҳои махсуси Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказӣ, дар сафари кориашон ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара аз рафти фаъолияти ташкилоти ибтидоии “ Авитсенна” – и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дидан намуда, ба раиси ташкилот ва аъзои он оид ба ҳадаф ва мақсадҳои ҲХДТ ва тарзи дурусти фаъолият дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ тавсияҳои судманд доданд.