БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ” ОЯНДАИ МОРО РАВШАНУ РАНГИН МЕНАМОЯД

ВОСЕЪ.  Бо мақсади баланд намудани завқи китобхонии ҷавонон ва иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар Литсейи давлатии №1-и ноҳия оид ба тарғибу ташвиқи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” вохӯрӣ гузаронида шуд.

Зимни вохӯрӣ  мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Восеъ иброз намуд, ки озмуни мазкур бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 инҷониб бо мақсади бедор намудани ҳисси меҳанпарастӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ ва огоҳ гардидан аз таърихи гузаштагони хеш гузаронида мешавад.

Бинобар ин ҳамаи  ҷавононро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат, ки ба мо чунин шароитҳоро муҳайё намудаанд ва доимо дар фикри мо мебошанд, пайваста илм биёмӯзему дар озмунҳо иштирок намуда, номбардори ин миллату ин сарзамин шавем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg