БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН БА ҲХДТ ПАЙВАСТАНД

БОХТАР. Дар  Коллеҷи тиббӣ –иҷтимоии шаҳри Бохтар  маҷлиси умумии аъзои ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “30-солагии Истиқлоли давлатӣ” доир гардид.

Дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур М.Мӯсоев ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ –иҷтимоии шаҳри Бохтар  иштирок доштанд. Нахсут, М.Мӯсоев доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, таърихи таъсисёбӣ ва мавқеи кунунии он, татбиқи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон,  таълиму тарбия дурусти онҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмгузорӣ кардан дар ободонӣ ва хуррамгардонии маҳал ва ғайра суханронӣ намуд.

Сипас, Иброҳимзода Неъматулло раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли мавҷудияти худ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ташаббусу пешниҳодҳои ҷавонон таваҷҷуҳи беандоза дорад.  Ҳамин аст, ки Пешвои миллат насли наврас ва ҷавонро ояндаи давлату миллат номида, ба онҳо такя ва умеди калон доранд. Аз ин рӯ, ҷавононро лозим аст, ки бо шукргузорӣ аз ин шароити муҳайё кардаи давлату ҳукумат хубу аъло таҳсил карда, ҷавобан ба ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат дар оянда ҳамчун мутахассисони баландихтисос барои халқу меҳан хизмат намоянд.

Дар идома ба чанд нафар аъзои фаъоли ҳизб барои саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафҳои барномавӣ ҳизб Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ супорида шуд. Ҳамзамон, ба зиёда аз 100 нафар доншҷӯён дар вазъияти тантанвӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg