БОХТАР. Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ оид ба тақвият бахшидани ҳаракати аъзои ҳизб ва ҷоннок намудани фаъолияи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар Гимназияи хусусии “Аминҷон”-и шаҳри Бохтар маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоӣ дар ин муассиса доир гардид.
Дар кор маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддин, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ ва кормандони муассисаи таълимии мазкур иштирок доштанд. Маҷлисро нахуст директори Гимназияи хусусии “Аминҷон” С.Ёқубов кушода, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин муаррифӣ кард. Рӯзномаи маҷлис аз масъалаҳои таъсиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис ва котиби он, номгузории ташкилоти ибтидоӣ ва қабул ба сафи ҲХДТ иборат буд.
Пас аз муҳокимаи масъалаҳои мазкур, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Бо ҳамин С. Ёқубов раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардида, дар Гимназияи хусусии “Аминҷон” бо пешниҳоди аъзои ҳизб ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Гимназияи Аминҷон” номгузорӣ карда шуд.
Сипас, Наҷидуллозода Насриддин ба сухан баромада, иброз дошт, ки дар радифи дигар ҳадафҳои барномавии ҲХДТ рушди соҳаи маориф яке аз ҳадафҳои асосӣ ва калидии ҲХДТ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Дар интиҳои маҷлис намояндаи ҳизб дар якҷогӣ бо роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ ба кормандоне, ки нав ба аъзогии ҳизб қабул гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбиро супорид.