БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИНҲО БОЯД МАҚСАДНОК ИСТИФОДА ШАВАНД

БОХТАР. Дирӯз гурӯҳи кории шаҳрӣ ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми суҳбат бо фаъолони вилоят дар ноҳияи Кӯшониён баён доштанд, бо сокинони маҳаллаи “Ҳаёти нав” бо усули “хона ба хона” вохӯрӣ ва суҳбатҳо доир намуданд.

Зимни вохӯрӣ аъзои гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, наздиҳавлигӣ ва президентӣ шинос шуда, доир ба масъалаҳои муҳими ҷомеа мубодилаи афкор намуданд. Таъкид карда шуд, ки  давлат ва ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум таваҷҷуҳи махсус дорад.

Ҳамзамон, доир ба мавзӯҳои даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, захира кардани маводи хӯрокворӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, пос доштани фарҳангӣ миллӣ, бо дастовардҳои меҳнатӣ пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, аз як замин гирифтани се чор ҳосил, пешгирии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ миёни аҳолӣ, дастгирӣ намудани қишри ниёзманди ҷомеа ва ғайра  суҳбатҳо карда, мушоҳида гардид, ки сокинони маҳалаи “Ҳаёти нав” заминҳои дар ихтиёрдоштаашонро самаранок истифода бурда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонҳосилӣ дар бозорҳои шаҳр камар бастаанд.

Маврид ба ёдоварист, ки гурӯҳи мазкур бо дастури раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин таъсис ёфта, дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, ШВКД, КАТС, фаъолони маҳаллаҳо, маориф, дин, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва дигарон шомил мебошанд.

Дар назар аст, ки чунин суҳбату вохӯриҳои гурӯҳи корӣ дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ ташкил ва гузаронида мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg