БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР СЕМИНАР – МАШВАРАТ ИШТИРОКДОРОН БА АМАЛҲОИ СОЗАНДА РОҲНАМОӢ ГАРДИДАНД

БАЛҶУВОН. Дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф Кавг, муовини аввали раиси ноҳия Зоирзода Маърифат ва мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Сайёра Ҳусейнова семинар-машварати дастурдиҳӣ  дар мавзӯи “Таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ ва татбиқи аксияҳои ҳизбӣ дар сатҳи маҳаллаву деҳот” бо раисони ҷамоат, раисони  кумитаҳои маҳалла ва роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор гардид.

Нахуст, Мирзозода Исуф семинар-машваратро ифтитоҳ бахшида, мақсади баргузории семинари омӯзиширо ба ҷамъомадагон фаҳмонид.

Баъдан Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, зимни суханронии хеш иброз намуд, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан барои ҳар нафар шараф ва ифтихори бузург аст. Бинобар ин ҳар як   узви ҳизбро зарур аст, дар амалисозии ҳадафҳои олии Роҳбари давлат ва пешрафту шукфоии ин сарзамини аҷдодӣ саҳмгузор бошад.

Инчунин, дар идомаи сухан Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода  атрофи дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои ҳизбиён – ташкили утоқи кории раиси кумитаи маҳалла, дӯкони фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва сохтмони иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ ҳарф зада, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки пешниҳоди мазкурро ба ҷои хароҷотҳои беҳуда дар амал татбиқ намоянд. 

Дар фарҷоми  семинар ду нафар барои саҳми арзанда гузоштан дар  амалӣ сохтани ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ бо Сипосномаи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg