БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОЗМУНҲО БЕҲТАРИН ФУРСАТ БАРОИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САВИЯИ ДОНИШИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОН АСТ

Ҷ. БАЛХӢ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон -Ватани азизи ман”  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии №2-и Ҷамоати деҳоти Ҳалевард бо омӯзгорон вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот ва итилооти Кумитаи иҷроия Алиев Зафар иброз дошт,ки озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон- Ватани азизи ман”  беҳтарин фурсат барои баланд бардоштани савияи дониши наврасону ҷавонон аст. Вобаста ба ин омӯзгорони моро зарур аст, ки барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илму техника ва китобу китобхонӣ ҳарчӣ бештар кӯшиш намуда, дар самти омодасозии наврасон барои иштирок дар озмунҳои номбурда саҳми босазои худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg