БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

ШАҲРИТУС. Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус дар ҷамоати шаҳраки Шаҳритус дар кӯчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Носири Хусрав дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби кормандони масъули ҳизбии ташкилотҳои ибтидоии «МД Литсейи касбӣ- техникӣ», «Маорифчиён», «Сохтори госпиталӣ». «Маркази саломатӣ», «Заминсоз»,  «Шуъбаи фарҳанг», «РАСИН»  ва  намоядагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гашта, аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоии дар болозикр гирду атрофи кӯчаҳо тоза карда шуданд. Инчунин дар ин рӯз бехи  дарахтон нарму мулоим карда шуда,  зиёда 980 бех гулҳои ороишӣ шинонида шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg