БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАК БА ЭҲТИЁҶМАНДОН ДАР АРАФАИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Н.ХУСРАВ. Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав бо  мақсади  дастгирии оилаҳои  эҳтиёҷманд дар  моҳи  шарифи  Рамазон   бо  маводи  хӯрока  чораҳои  амалӣ  андешида  истодааст.   

Аъзои  гурӯҳи  вакилӣ дар   Маҷлиси  вакилони халқи  ноҳия,   узви  Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ,  раиси ноҳия  Нишонзода  Даврон ба  дидорбинии  се оилаи  ниёзманди ҷомеа,  сокинони  деҳаи  Тулаганови  ҷамотаи деҳоти  Фирӯза  Маханов  Холмурод   ва  ба  аёдати   Муҳиддинова  Сангинмоҳ  сокини  деҳаи  Чашма,  Қодиров  Маҳмадамон  сокини  деҳаи Арабхонаи   ҷамоати  деҳоти  Истиқлол рафта,  онҳоро  ба  фрорасии  моҳи  шарифи  Рамазон табрик  намуда,   ёдрас шуд, ки Ҳукумати  кишвар ба  масъалаи  ҳифзи  саломатӣ ва  нигоҳубини ятимону  маъюбон, оилаҳои  камбизоат мунтазам  ғамхорӣ зоҳир менамояд  ва  баҳри  беҳтар  сохтани  шароити  иҷтимоии  онҳо тадбирҳои саривақтиро  амалӣ  намуда  истодааст.  Пас аз анҷоми суҳбат бо эҳтиёҷмандон ба онҳо  кумакҳои  моддӣ  расонида  шуд. Чунин иқдомҳои неку инсондӯстона бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ идома хоҳад ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg