БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ АМАЛИКУНАНДАИ ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА

Н.ХУСРАВ. Кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  нуктаҳои  Паёми  Пешвои  миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро ба таври мушаххас  ба  сокинони ҳар  як  деҳаю  маҳаллаҳои  ҷамоатҳои  деҳоти ноҳия   ҳамарӯза  фаҳмонида дода  истодаанд.

Ин навбат  бо  кормандони Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  хониши  сиёсӣ   баргузор  гардида, дар дон намояндагони  ҳизбӣ нуктаҳои  асосии  Паёми  имсолаи   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро шарҳу тавзеҳ доданд.   

Инчунин, масъулин дар суҳбат вазъи  мураккаби  сиёсиву  иқтисодӣ ва иҷтимоии  давлатҳои  пешрафта, таъсири  бемории  сироятии  коронавирус  дар  рушди иқтисоди  давлатҳои сайёра, сатҳи  огоҳии   сокинонро  оид ба  пешгирии  беморӣ, ташаккули  тарзи  ҳаёти  солим, истифодаи  самаранок  ва сарфакоронаи неруи  барқ, ба  роҳ  мондани  корҳои  созандагиву  ободонӣ, амалӣ намудани  аксияҳои  ҳизбии «Якҷоя  месозем!» , «Якҷоя  ҳал  мекунем!» ҳарф зада, сокинонро барои боз ҳам рушд ёфтани як гӯшаи меҳан  ба корҳои неку созанда ҳидоят карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg