БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО- ҶАВОНОН ФАРЗАНДОНИ СОДИҚИ ИН ВАТАНЕМ!

ХОВАЛИНГ. Бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо ҷавонон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 -и ноҳияи Ховалинг   бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Исфандиёр Саидмаҳмудов  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар  вохӯрӣ  мавсуф   ба  ҷавонон  ва хонандагони синфҳои болоӣ  таъкид намуд,  ки дар Паёми имсола қайд гардидааст, ки ҷавонон  ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.  Ҳамчунин, ба Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм,  Маркази миллии тестӣ,  ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон ва падару модарони онҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шавад.Аз ин хотир мо бояд аз ин имкониятҳои хубе, ки нисбати мо ҷавонону наврасон давлату Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудааст, истифода карда, дар оянда фарзандони содиқи Ватан ба воя расему ба халқу меҳани худ хизмат намоем.

Дар охир чанде аз хонандагон ба масъулин  саволҳо дода, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg