БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН БА ФОИДАИ МОСТ

ФАРХОР. Бо мақсади баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи моҳияти аксияҳои ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ВНМО” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин  оид ба мавзуҳои болозикр ибрози андеша намуда, баён доштанд, ки мақсади баргузории аксияҳои ҳизбӣ ин обод намудани як гӯшаи диёр дар арафаи ҷашни муқаддаси миллиамон 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз ин корҳои ободонӣ бояд ягон нафар аъзои ҲХДТ дар канор набошад. Инчунин, дар бораи сарфакорона ва мақсаднок истифодабарии неруи барқ ва истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва махсусан замини дар назди бинои кории муассиса буда андешаронӣ карда шуда,  ба роҳбари ташкилоти ибтидоии мазкур дастур дода шуд, ки замини назди бинои маъмуриро самаранок истифода баранд.

Дар охир кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор аз ҳолати ҳуҷҷатгузории ташкилот дидан намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg