БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кишвари агарарии мо рушд карда истодааст!

ХУРОСОН. Дар маҳаллаи Баҳори ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Подшоқулов Парвиз бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин оид ба суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли зиёи кишвар, семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ суханронӣ намуданд.

Иштирокдорон суханрониҳои судманди масъулинро якдилона пазируфта, иброз доштанд, ки дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро ҷонибдорӣ менамоянд ва дар корҳои созандагиву ободонии Ватан саҳми арзанда мегузорад.

Дар охир ба иштирокдорон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg