БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон дар татбиқи барномаи созандаи ҲХДТ фаъолона иштирок намуда истодаанд!

ХОВАЛИНГ. Дар вохӯрӣ бо сокинони деҳаи Санговаки ҷамоати деҳоти Ховалинг баъди ба мардум фаҳмонидани мақсади ҷамъомад пешниҳод шуд, ки барои мунтазам ба сокинони маҳал расонидани муҳтавои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Президенти кишвар, дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳа бо номи «Санговак» ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шавад.

Дар суҳбати доирнамудаи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов, ки онро иштирокчиёни вохӯрӣ бо ҳусни таваҷҷуҳ ва диққати том гӯш намуданд, барои фаъолияти минбаъда дар кору зиндагии хеш манфиати зиёди маънавӣ бардоштанд.

Иштирокдорони ҷамъомад дар суҳбат оид ба хавфу хатари терроризм ва ифротгароӣ, оқибати нохуш ва зараровари нашъаву нашъмандӣ, амалҳои коррупсионӣ, тақлид ва пайравӣ ба урфу одат ва фарҳанги бегона, истифодаи ғайримақсадноки технологияи муосир, нерӯи барқ ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маълумоти кофӣ пайдо намуданд.

Иҷрои вазифаҳои аз суханрониҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба “Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, дар мулоқот ба намояндагони ҷомеаи кишвар, суханронӣ дар семинар-машаварти кишоварзони вилояти Хатлон барояндаро сокинони маҳал вазифаи аввалиндараҷаи худ донистанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg