ВАХШ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар деҳаи Тепалики ҷамоати шаҳраки Киров бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.
Дар чорабинии ҳизбӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб муовини раиси Кумитаи иҷроия дар вилояти Хатлон Хусейнзода Наврӯз иштирок дошта, қабл аз оғози Аксия мавсуф бо сокинон атрофи масъалаҳои мубрами рӯз ва мақсади баргузории чорабинии ҳизбӣ суҳбат анҷом дод. Сипас, иштирокдорон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми Ватан ва обу ҳавои мусоиди баҳорӣ ба тоза кардани дохил ва атрофи қабристон аз алаф ва растаниҳои худрӯй машғул шуда, дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоштанд.
Дар баргузории амалиёти умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» зиёда аз 150 нафар сокинони деҳоти ноҳия, дар ҳашари тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо иштирок намуданд.