БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАРО ҶАМЪБАСТ КАРДАНД

БОХТАР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Зироаткорӣ” маҷлиси ҷвмъбастӣ доир шуд.

Дар он мудир шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Толибзода Толиб иштирок дошта,  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Зироаткорӣ”  Суҳроби Маҳмад ва “Маҳаллаи Сарчашма” Қурбонов Маҳмад доир ба фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар семоҳаи аввали соли 2021 гузориш доданд.

Инчунин, дар маҷлис  доир ба сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷмуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ибрози андеша карда шуда, қайд гардид, ки имрӯз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рӯз аз рӯз таҳти  ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хубу беҳтар гардида истодааст. Аз ин рӯ, сафи ҷавононе,  ки ихтиёран ба хизмат мераванд рӯ ба афзоиш ниҳодааст.

Дар интиҳо ба чанд нафар кормандони Филиали Институти зироаткорӣ дар вилояти Хатлон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg