БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ: ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА МАРДУМ

БАЛҶУВОН. Баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза дар ноҳияи Балҷувон корҳои созандагию бунёдкорӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ бо маром идома дорад.

Қайд кардан зарур аст, ки  барои  эъмин нигоҳ доштани мардуми деҳаи Сари Мазор аз обхезии  дарёи Сурхоб лаб -лаби дарёро аъзои ҲХДТ, аъзои намояндагии “Созандагони Ватан”, сокинону фаъолон дар якҷоягӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” корҳои соҳилмустаҳкамкуниро пурзӯр намуда, дар ин самт як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд.

Зимни баргузории Аксияи ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ пайваста аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳияи Балҷувон  Мирзозода Исуф гузаронида шуда, мавсуф зимни баромади хеш  таъкид менамояд, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеа мо пайваста кӯшиш менамоем, ки меҳнати содиқонаю софдилона кунем. Дар иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  камари ҳиммат баста, зиндагии шоистаро комёб гардем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg