А.ҶОМӢ. Дирӯз бо иштироки котибон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти Калинин аз ҷониби Ҳоким Раҳимова мудири шуъбаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, семинар – машварати дастурдиҳӣ тибқи дастурамали (Роҳнамо), ки аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои ташкилотҳои ибтидоӣ бо мақсади таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ таҳия гаштааст, гузаронида шуд.
Зимни баргузории семинари мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ ба котибон ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбиро низ расонида, даъват ба амал овард, ки дар асоси Роҳнамо фаъолияти ташкилотҳои ибтидоиро ба роҳ монанд. шуд.