БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат бақои давлат аст!

ҲАМАДОНӢ.  Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба хатари сироятёбӣ ба бемории вируси норасоии масъунияти одам дар байни аҳолӣ, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ  дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия,  директори маркази мубориза бо ВНМО Фаридов А, омӯзгори литсейи давлатии №1 ноҳия Назриева Дилбар, роҳбари  намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Иномов Сайдаҳмад ва  кормандони Маркази назорати давлативу санитарӣ-эпидимиологии ноҳия иштирок ва андешаронӣ карданд.

Инчунин дар баробари тарғибу ташвиқи масъалаҳои болозикр масъулин оид ба суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа кишвар, ки рӯзи 12 майи соли равон бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон ва семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон  суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg