
ФАРХОР. Дар назди бинои Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Фархор маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Фархор Раҳматзода Рустам Мирзо баргузор гардид.
Раҳматзода Рустам Мирзо зимни суханронӣ ба ҳамаи даъвадшавандагон ва падару модарони онҳо изҳори сипос намуда, гуфт, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як мард қарзи ватандорӣ буда, ҷавонони бонангу номуси Ватанро лозим аст, бо далериву шуҷоати хеш дар ҳифзи марзу буми кишвар, оромиву осудагии Тоҷикистони азиз талош варзанд. Баъдан аз тарафи санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидаҳолии наваскарон барномаи консертӣ баргузор карда шуд.