БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ РАЁСАТ ВАЗИФАҲОИ НАВБАТӢ МУАЙЯН ГАРДИД

ТЕМУРМАЛИК. Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.

Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ба ҷойи аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи хориҷшуда, таъйин намудани аъзои нав, натиҷаи фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2021 ва натиҷаҳо барои давраҳои оянда, натиҷагирӣ аз аксияҳои ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳия, баррасии фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар маҷлиси вакилони халқ ва баъзе ташкилотҳои ибтидоӣ, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ баррасӣ гашт.

Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, бо дастгирии фаъолон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар анҷоми маҷлис ба аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Ҳайдаров Суҳуриддин аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ туҳфаи хотиравӣ супорида шуд.

Инчунин, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик вазифадор гардиданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Анҷумани 13 – уми  ҲХДТ ва  қарорҳои  маҷлиси  КИМ ҲХДТ – ро  дар ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ ба роҳбарӣ гирифта, баҳри татбиқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб чораҳои зарурӣ андешанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg