НОРАК. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 бо ҷавонону наврасон дар мавзӯи “Фарҳанги истифодабарии технологиҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ” вохӯрӣ доир гардид.
Фирдавс Ғафурзода корманди масъули ҳизбӣ оид ба тарзи дуруст истифода намудани технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда, қайд кард, ки ҳар яки моро зарур аст, ки технологияҳои иттилоотиро самаранок истифода намоем. Чунки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ табдил ёфтааст, аз ҳамин лиҳоз ҷавонони моро зарур аст, ҷиҳати истифодаи самаранок ва бомавриди шабакаҳои иҷтимоӣ эҳтиёткор бошанд. Гурӯҳҳои манфиатхоҳи эктремистию террористӣ имрӯз шабакаҳои иҷтимоиро макони пахши фикру андешаҳои ғарозноки худ табдил додаанд.