БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ғояҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ-ро сокинон пайравӣ ва ҷонибдорӣ менамоянд

ФАРХОР. Бо мақсади таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Арчаи ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ масъулин сараввал ҷиҳати огоҳ намудани сокинон аз хатарҳои терроризму экстремизм, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои фаҳмондадиҳиро ба анҷом расониданд.

Дар рафти маҷлис дар деҳаи мазкур бо овоздиҳии аъзои ҲХДТ ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Арча» таъсис дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg