ВОКУНИШ. Таи чанд рӯзи охир сархатҳои шабакаҳои иҷтимоиро, ки гурӯҳҳои ифротӣ аз онҳо истифода мебаранд, хабари боздошт намудани Иззат Амон фаро гирифтааст. Иззат Амон сӯистифода аз шаҳрвандии Федератсияи Россия бо роҳи фиреб муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба доми найранги худ кашида, як қисми маблағҳои бо арақи ҷабин ба даст овардаашонро аз они худ кардааст. Ман баъди ҳодисаҳои нангини солҳои 90-уми қарни гузашта дар чанд шаҳрҳои Федератсияи Россия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ кору зиндагӣ кардам. Бо чашми сар шароити кору зиндагии ҷавонони тоҷикро дар муҳоҷират дида, маблағҳои ба даст овардаашонро дар шароити басо мушкилу тақотфарсо ночиз меҳисобидам. Аммо ба мисли Иззат Амон садҳо шахсиятҳои манфур дар пайи аз худ кардани маблағҳои ҳалоли муҳоҷирони меҳнатӣ, «доми анкабут» мекашиданд. Ҷавононро мебояд ҳеҷ гоҳ зиракию ҳушёриро аз даст надода, луқмаи лошахӯрон нашаванд ва аз ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандии худ бархурдор бошанд.
Аъзову ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ин амали саривақтии давлату Ҳукумати Тоҷикистонро бобати боздошт намудани Иззат Амон пурра пуштибонӣ карда, мо итминони комил дорем, ки мақомотҳои марбутаи ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар оянда низ баҳри решакан кардани ин амалҳои ноҷавонмардонаи Иззат Амон барин шахсони фиребгару манфиатҷӯ, чораҳои судмандро амалӣ мекунанд.
Файзизода Каримҷон Нозил, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ