БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фаровонии дастурхон ва осудагии рӯзгори мардум мақсади асосии мост!

ТЕМУРМАЛИК. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид бо сокинони деҳаи Чавроқи ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик, вохӯрӣ баргузор кард, ки дар баробари ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин шарҳу тавзеҳи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12майи соли 2018, суханронии Пешвои миллат дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, ки дар деҳаи Чорсадаи ноҳияи Данғара баргузор гардид ва қабули аъзои нави ҲХДТ буд.

Зимнан Раҷабзода Маҳмадсаид оид ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018 ва семинаш машварати кишоварзони вилояти Хатлон муфассал ба ҷамъомадагон маълумот дод.

Суханронии Раҷабзода Маҳмадсаидро иштирокдорон ҳама ҷонибдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастури кории худ қарор дода, дар самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб заминҳои корам, анҷоми корҳои хайру сахо дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ саҳм хоҳем гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg