БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вохӯрӣ дар ҳошияи татбиқи Соли тақвияти робитаи ҳизб бо маҳал

ПАНҶ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи ҳизб ва шарҳу тавзеҳи суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа, суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи Сомонӣ 2-и ҷамоати деҳоти Намуна бо сокинон ва фаъолон вохӯрии судманд доир гардид.

Муттасадиёни оид ба суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа, суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки вазъи чаҳони муосир талаб менамояд, мо мардуми сарбаланди тоҷик ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем ва зери сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири сулҳу оромӣ ва шукуфоии диёр муттаҳид бошем. Пеши роҳи ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил шудани ҷавононро гирифта, онҳоро ба роҳи созадагиву ободонии Ватан ҳидоят намоем. Чунки ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, пешравии диёр аз онҳо вобастагии калон дорад.

Ин нуктаро низ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа дошта қайд намуданд. Дар ин росто мебояд, ки ба тарбияи ҷавонон ва насли наврас диққати ҷиддӣ дода, истифодаи дурусти технологияи муосирро ба онҳо талқин намоем.

Дар идомаи вохӯрӣ бо мақсади боз ҳам наздик шудан ва робитаи пайваста доштан бо маҳал ва мардум якчанд нафар фаъолони маҳаллаи Сомонӣ - 1 ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg