ПАНҶ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзишгоҳ”-и ноҳияи Панҷ бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзои фаъоли он маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти 3 моҳаи аввали соли ҷорӣ гузаронида шуд.
Дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ Исоев Ҷума ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро ироа намуда, бо ҳамовозии якдилонаи ҷамъомадагон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҳамзамон, масъулини ҳизбӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур дар давоми семоҳаи якум, мақсаднок истифодабарии неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи ҳаққи истифода он, пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ суханронӣ намуда, ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро хуб арзёбӣ карданд.