БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ВА ВАЗИФАГУЗОРИҲО БАРОИ СЕМОҲАИ ДУЮМ

ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Файзи замин" бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ маҷлиси ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи аввали соли 2021 гузаронида шуд.

Вобаста ба масъалаи мазкур раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Файзи замин" Ч. Қурбонов  баромад карда,  оид ба фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ дар семоҳаи аввали соли 2021 ҳисобот дода, вазифаҳои навбатиро барои семоҳаи дуюми соли 2021 муайян кард. Дар охири маҷлис корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба сухан баромада, ба ҳозирин самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, онҳоро барои татбиқи амалҳои неку созанда раҳнамоӣ кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg