БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Арзишҳои давлатдории миллӣ мояи нангу номуси миллати мост!

Н.ХУСРАВ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои дастуру супоришҳои аз мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон рӯзи 12 майи соли 2018 бармеомада, ташвиқу тарғиби ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ, ба мардум расонидани моҳияти нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ, тарбияи ахлоқию маънавӣ ва солимии маънавиёти аҳолӣ, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва дасти сахо дароз намудан ба ҳтиёҷмандону, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, ҷалби аъзо ва ҷонибдорон ҳизб ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо тасдиқгардидаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Сураё Алиева ва дигар шахсони даъватӣ дар деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти Фирӯза бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст Алиева Сураё қайд намуд, ки ҳадафи асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат дар доираи аҳкоми шариат, озодона адо намудани фаризаву воҷиботи динӣ ва гиромӣ доштани арзишҳои инсондӯстиву хайру сахо мебошанд. Дар моҳи шарифи Рамазон Офаридгор дар каломи Осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, ки бояд мардуми мо ин фазилатҳоро анҷом диҳанд ва аз аъмоли зишт худдорӣ намоянд, афзуд зимни суҳбат Сураё Алиева.

Имомхатиби ноҳия оид ба ин масъала суханронӣ карда, аз иштирокдорон даъват ба амал овард, ки дар моҳи мубораки Рамазон ба аёдати беморону ранҷурон, пайвандону наздикон раванд, дасти ёрӣ ба шахсони эҳтиёҷманд, ятимону маъюбон дароз намоянд, парҳезкору накӯкор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg