БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ҶАВОНОН БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Ш.ШОҲИН.  Дирӯз саҳни комиссариати ҳарбии ноҳия қабои идонаро ба бар карда буд. Зеро, ки ҷавонони синни даъватӣ бо чеҳраҳои гарму самимӣ ва бо як ҳисси баланди худогоҳиву миллатдӯстӣ саҳни ҳавлии мазкурро шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшиданд. Волидайни наваскарон бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу ором ва доштани Сарвари оқилу хирадманди кишварамон ва бо умеди сахмгузорӣ  дар таъмини амну осоиштагии мунтаззами Тоҷикистони азиз бо як руҳияи болидаву дуои хайр фарзандонашонро ба хизмати Ватан -Модар гусел карданд.

Баъди аз муоинаи тиббӣ гузаштани даъватшавандагон  дар Касри фарҳанги ноҳия  бо иштироки узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб, раиси ноҳия Зарифзода Почохон ва фаъолону волидайни даъватшавандагон маҷлиси тантанавӣ доир гардида, ба 11 нафар даъватшавандагон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шаҳодатномаи ронандагӣ дар муҳити мутантан такдим карда шуд. Хамчунин барои болидахотирии даъватшавандагон барномаи фарҳангӣ бо ҷалби санъаткорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳангчиён» ба роҳандози гардида, аз чониби ташкилоти ибтидоии «Варзишгарон» даъватшавандагону волидайни онҳо бо хӯроки гарм таъмин гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg